ФУТЗАЛ. Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бозии дӯстона доир намуд

Ноябрь 19, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 19.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.   Шоми дирӯз  дар    шаҳри Тошканд бозии  аввали дӯстонаи дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон  доир шуд. Вохӯрии ин дастаҳои хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Голҳои ин бозиро Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0) ва Алишер Сафаров, 20 (1:1) ба ҳадаф расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад,   имрӯз, 19  ноябр бо дастаи мизбон – Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи чемпионати футзали Осиё доир мегардад.

Бозиҳои дӯстона

18 ноябр (чоршанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон-1:1

Голҳо: Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).

19 ноябр (панҷшанбе)

Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки чемпионати Осиё  аз 23  март то 3  апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад ва дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А»  бо дастаҳои  мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат хоҳад кард. Аз рӯи натиҷагирии чемпионати  футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд. Мусобиқаи чемпионати футзали ҷаҳон аз 12 сентябр то 3  октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбекистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);

Бозингарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Ноябрь 19, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад