Иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон омили рушди туризми экологиянд,- бардошт аз ҳамоиши «Помир-Боми ҷаҳон»
ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Помир-Боми ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ ҳамоиши илмии сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии Бадахшон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят гузаронида шуд.
Дар ҳамоиш, ки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Имматшозода иштирок доштанд, иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон ҳамчун омили рушди туризми экологӣ баррасӣ гардиданд.
Бадахшон бо табиати зебою нотакрор, олами бои набототу ҳайвонот, чашмаю рӯдҳои серобу мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳуранд, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ин аст, ки ҳар сол садҳо нафар сайёҳон барои тамошои табиати нотакрор ва қуллаҳои осмонбӯс ба Бадахшон омада, мафтуни як гӯшаи зебои Тоҷикистон мегарданд.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд






