«Ифтихору нусрату армони миллат, Пешво…». Дар Хатлону Бадахшон ба шарафи Рӯзи Президент ҷамъомадҳои тантанавӣ доир шуданд

Ноябрь 16, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарон, ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ ва ҷавонони фаъоли вилоят иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Рустам Мирзомуродзода  ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ-ро аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Рӯзи Президент  табрик намуд. Нахуст ба иштирокдорони ҳамоиш доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қаҳрамониву ҷонфидоӣ ҷиҳати таъмини сулҳу суботи мамлакат филми ҳуҷҷатӣ нишон дода шуд.

Сардори Раёсат аз ҷонбозиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии мамлакат таъйин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мудҳиш ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабаб гардид, ки мамлакати ба порчаҳо тақсимшудаи тоҷикон аз нав эҳё ва  дубора сарҷамъу давлати мустақил гардад.

Кормандони ҷавони РВКД дар ВМКБ Хонтуркон Бандишоева ва Манучеҳр Мирзоев  дар мавзӯъҳои «Пешвои мо -саодату ифтихори мо», «Пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан» ва ғайра маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент ба як гурӯҳ кормандони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуданд.

Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси роҳбарони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ҷавонони фаъоли вилояти мазкур, дружиначиёну кормандони ғайрибастии РВКД дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Ҳамоиш аз роҳпаймоӣ таҳти унвони «Пешвои мо — ифтихори мо!» ба самти Парчами давлатӣ оғоз шуд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ буда, барои халқи тоҷик нақши тақдирсоз бозидааст.

Бо ҳисси сарфарозиву ифтихор метавон гуфт, ки пас аз баргузории ин Иҷлосияи муҳими таърихӣ халқи тоҷик бо ҳамдигар муттаҳид ва   дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 то инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16 ноябр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки мақсад аз таҷлили он арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату ягонагӣ ва обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, созандагиву бунёдкорӣ-ин ҳама самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Роҳбари ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон Меҳроҷ Раҳимзода  зикр намуд, ки имрӯз ҳамаи мардуми мамлакат, алалхусус ҷавонон, ки насли ояндасози давлату миллат ба ҳисоб мераванд, бояд бо шукргузорӣ аз фазои оромиву осоиштагӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муттаҳид бошанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш олими ҷавон Шариф Баротзода ва дигар иштирокдорон зикр намуданд, ки Иҷлосияи шонздаҳум дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор намуда, бори дигар дар ҷавҳари ҷони тоҷикон шуҷоату мардонагӣ ва якдигарфаҳмиву қадршиносиро бедор карда тавонист, равобиту иқтисоди мамлакатро бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон пайваст намуд, ки ин мояи сарфарозист.

Ифтихору нусрату армони миллат, Пешво,

Раҳнамову раҳбару раҳдони миллат, Пешво.

Дил ба дил пайванду бар сад дард марҳам гаштааст,

Бо мурувват, бо шарофат, ҷони миллат, Пешво.

Ноябрь 16, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»