Имомуддин Сатторов: Бо супориши Пешвои миллат аз 25 июн инҷониб беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия ба Ватан оварда шуданд

Ноябрь 20, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 июни соли 2020 инҷониб бо мақсади марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамарӯза парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз Москва ва дигар шаҳрҳои калони Россия анҷом дода мешаванд. Дар ин давра, беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд. Дар ин бора дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Российская  газета» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, давоми ду моҳи аввали парвозҳои чартерӣ афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони кӯдакдор ва пиронсолон, инчунин хатмкардагони донишгоҳҳои Россия аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дода шуд.

Ҳамзамон, И. Сатторов тазаккур дод, ки 22 июли соли равон ҷониби Россия дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Россияро бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемиявӣ расман хабар карда шуд. «Мо мунтазири посух дар бораи омодагии ҷониби Россия оид ба ин масъала ҳастем», — гуфт сафири Тоҷикистон дар Россия.

Ноябрь 20, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд