Имомуддин Сатторов дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ аз Тоҷикистон намояндагӣ кард
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Москва дирӯз ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Сафири ҶТ дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов аз Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Дар ҷаласа аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, намояндагони Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои ИДМ, Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус, Корпоратсияи давлатии оид ба кайҳон «Роскосмос», Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳои кишварҳои узви ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Иванов, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. Як зумра аъзои Комиссия ва маърӯзачиён оид ба масъалаҳои рӯзнома дар маҷлис дар шакли конференсияи видеоӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа асноди зерин баррасӣ ва тасдиқ шуданд: «Дар бораи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2016-2019», «Дар бораи вазъи рақобат дар бозорҳои молии таҷҳизоти тиббии кишварҳои узви ИДМ», «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар мавриди татбиқи Ёддошти тафоҳум дар хусуси таъмиқи ҳамкории мутақобила байни Комиссияи Иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ аз 27 ноябри соли 2018», «Дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ оид ба ҳамгироии инфрасохторҳои заминӣ, ки аз сигналҳои системаи ГЛОНАСС» истифода мебаранд, «Дар бораи заминаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ», «Дар бораи фаъолияти ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи карантини растаниҳо».
Иштирокчиён инчунин якчанд масъалаҳои дигарро низ баррасӣ карданд.
Баъди ба инобат гирифтани эроду пешниҳодҳои аъзои Комиссия, як қисми аснод оид ба масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа дохилшуда ба баррасии Шӯрои иқтисодӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ирсол хоҳанд шуд.
АКС аз бойгонӣ








Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд






