Имомуддин Сатторов дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ аз Тоҷикистон намояндагӣ кард

Ноябрь 19, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Москва дирӯз ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар  назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Сафири ҶТ дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов аз Тоҷикистон намояндагӣ  кард.

Дар ҷаласа аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, намояндагони Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои ИДМ, Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус, Корпоратсияи давлатии оид ба кайҳон «Роскосмос», Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳои кишварҳои узви ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Иванов, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. Як зумра аъзои Комиссия ва маърӯзачиён оид ба масъалаҳои рӯзнома дар маҷлис дар шакли конференсияи видеоӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа асноди зерин баррасӣ ва тасдиқ шуданд: «Дар бораи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2016-2019», «Дар бораи вазъи рақобат дар бозорҳои молии таҷҳизоти тиббии кишварҳои узви ИДМ», «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар мавриди  татбиқи Ёддошти тафоҳум дар хусуси  таъмиқи ҳамкории мутақобила байни Комиссияи Иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ аз 27 ноябри соли 2018»,          «Дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ оид ба ҳамгироии инфрасохторҳои заминӣ, ки аз сигналҳои системаи ГЛОНАСС» истифода мебаранд, «Дар бораи заминаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ», «Дар бораи фаъолияти ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи карантини растаниҳо».

Иштирокчиён инчунин якчанд масъалаҳои дигарро низ баррасӣ карданд.

Баъди ба инобат гирифтани эроду пешниҳодҳои аъзои Комиссия, як қисми аснод оид ба масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа дохилшуда ба баррасии Шӯрои иқтисодӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ирсол хоҳанд шуд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 19, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»