КОЛОРАДОИ ТОҶИКӢ. Чойхонаи «Душанбе» дар Боулдери Амрико ҳамчун иншооти таърихӣ эътироф шуд

Ноябрь 25, 2020 12:24

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои шаҳри Боулдер (иёлати Колорадо, ИМА) чойхонаи «Боулдер-Душанбе»-ро ҳамчун иншооти таърихӣ эътироф ва қарор кард, ки қисматҳои дохилӣ ва берунии онро зери ҳимоя бигирад, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни овоздиҳии онлайн ин қарорро тамоми  аъзои шӯрои шаҳрӣ тасдиқ намуданд. Хабар дода шудааст, ки тасмими ниҳоӣ дар ин бора 3 декабр гирифта хоҳад шуд.

Шаҳрдор Сэм Уивер пас аз хатми овоздиҳии онлайн иброз дошт, ки чойхонаи тоҷикӣ «ганҷинаи Боулдер» аст. «Мо фахр мекунем, ки дар шаҳри мо чунин бинои зебо бо нақшу нигори шарқӣ воқеъ мебошад», — илова кард раиси шаҳр.

Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи якуми Шӯрои шаҳри Боулдер оид ба аввалин чойхонаи тоҷикӣ дар ИМА моҳи октябр бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятиии “Дӯстони чойхонаи «Боулдер-Душанбе» баргузор шуда буд». Дар ҳоле, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» мероси таърихӣ ва фарҳангии Исломро нобуд мекунад, мо бояд ин биноро ҳамчун иншооти фарҳанги исломӣ муҳофизат кунем», — иброз намуд яке аз аъзои созмон.

ДАР АКСҲО: чойхонаи “Душанбе” дар Колорадо (ИМА) ба ҷои дӯстдошта табдил ёфтааст.

Дӯстони чойхонаи «Боулдер-Душанбе» аз мақомоти шаҳрдорӣ даъват намудаанд, ки барои бозсозии ин иншоот устоҳои тоҷикро даъват кунанд.

Тазаккур медиҳем, ки артесонадо (шифти болопӯши чӯбини кандакорӣ ва наққошишуда)-и чойхонаи тоҷикиро устоҳои тоҷик бо нақшҳои нафис кандакорӣ ва наққошӣ намудаанд.

***

Имсол ба кушодашавии машҳуртарин чойхонаи Иёлоти Муттаҳида 22 сол пур мешавад. Чойхонаи фавқулодаи «Душанбе» дар шаҳри Боулдери Амрико, иёлати Колорадо, дар кӯчаи 13 -ум ҷойгир аст ва натиҷаи муносиботи наздики шаҳрҳои Амрико ва Тоҷикистон мебошад. Дар воқеъ, яке аз калонтарин ҷамъияти тоҷикон дар ИМА маҳз дар иёлати Колорадо зиндагӣ мекунад.

Тибқи иттилои сайти расмии чойхона, тасмими бунёди он соли 1987, вақте Боулдер бародаршаҳри Душанбе шуд, гирифта шуда буд. Давоми се сол тақрибан 40 нафар ҳунармандон барои чойхонаи нав унсурҳои ороиширо ба тарзи кандакории ифоданоки чӯб ва нақшу нигорҳои рӯидеворӣ порча-порча таҳия ва бунёди чойхонаи навро гузоштанд. Муаллифи лоиҳа меъмор Ладо Шанидзе мебошад. 12 сутуни аз дарахти ҷалғӯза таҳия ва кандакоришудаи чойхона аз он ҷиҳат беназиранд, ки ҳангоми коркард ва ороиши онҳо асбоби барқӣ истифода нашудаанд, тамоми корҳо ҳамон тавре, ки чандин асрҳо пеш ин корҳо сурат мегирифтанд, дастӣ иҷро шудаанд. Рӯйпӯшҳои берунии чойхона аз сафолакҳои дастсози аз Тоҷикистон фиристодашуда сохта шудаанд. Дар сафолакҳои хотамкоришуда тасвирҳои Боғи Адан инъикос ёфтаанд, навишта шудааст дар сафҳаи чойхона дар Фейсбук.

Қисмҳои чойхона аз Душанбе ба бандари Ленинград, сипас тавассути киштӣ ба Орлеани Нав ва баъдан ба худи Боулдер интиқол дода шуданд.

Ҷой барои чойхона ва маблағ барои сохтани он танҳо пас аз ҳафт сол ёфт шуд. Сохтмони каҳвахона-чойхонаи шарқӣ соли 1998 ба итмом расидааст. Саҳми ду кандакор — чӯбтарош ба таври махсус зикр карда мешавад. Яке аз онҳо Мирпӯлод Мираҳматови тоҷик мебошад, ки номаш дар шифти иншоот  ҳаккокӣ шудааст.

«Ман ҳис мекунам, ки чӣ тавр бобоям ва падарам дар ин ҷо кор мекарданд. Ин эҳсос ба ман илҳом мебахшад, ки кор идома хоҳад ёфт», — гуфт набераи усто ва наққош Маъруф Мираҳматов.

Дар чойхонаи «Боулдер — Душанбе», ки ба макони дӯстдоштаи сокинон табдил ёфтааст, ҳарсол Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

***

Инчунин бояд зикр кард, ки тирамоҳи соли 2018 дар Омах, калонтарин шаҳри Небраска низ чойхонаи тоҷикии «Chaikhana – Bar&Shishkabobs» ифтитоҳ шуда буд. Онро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон Равшан Султонов таъсис додааст.

ДАР АКС: чойхонаи тоҷикии «Chaikhana – Bar&Shishkabobs» дар Омаха (ИМА)

Моҳи июн рӯзномаи The New Times дар бораи ифтитоҳи «Қаҳвахонаи Душанбе» дар маркази Ню-Йорк хабар дода буд. «Дар ин қаҳвахона бори нахуст ба меҳмонон қурутоб пешниҳод мекунанд, ки маззаи онро танҳо дар Тоҷикистон чашидан мумкин аст», — навишта буд он замон нашрияи амрикоӣ.

Зодаи Тоҷикистон, ошпази собиқи чойхонаи маъруфи «Роҳат» дар Душанбе Солиҷон Насимов ибтидои солҳои 2000 -ум дар шаҳри Роквилли Амрико тарабхонаи шахсии “Самовар” кушода буд, ки дар он хӯрокҳои мардумони Россия ва Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд. Соли 2016 яке аз нашрияҳои маъруфи амрикоӣ The Washington Post (WP) дар бораи ин тарабхона дар сомонаи худ ба таври муфассал ҳикоят карда буд.

Муассисаро Насимов дар Роквилл, иёлати Мэриленд, ки ба он ҷо бо оилааш соли 2005 кӯчида буд, ифтитоҳ намуда буд, то ба духтари хурдиаш ва шавҳараш дар кушодани як мағозаи молҳо аз Аврупои Шарқӣ ва Россия  кумак кунад. Ҳамзамон бо таблиғи мағоза ширкати хӯроки умумии ресторатори тоҷик ба гузаронидани чорабиниҳои сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, инчунин намояндагиҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии кишварҳои собиқ ИҶШС шурӯъ кард.

Дар «Самовор» тушбераҳои машҳурро бо қаймоқ, ки дар таъомнома «Равиоли русӣ» номгузорӣ шудаанд, лағмони уйғурӣ, ки туппаи онро ҳар рӯз ошпаз шахсан тайёр мекунад ва албатта, палав ё лӯлакабоби тоҷикии бо зира, мурч ва ғайра омехташударо, ки аз Тоҷикистон оварда шудаанд, тановул кардан мумкин аст.

Ноябрь 25, 2020 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад