КОЛОРАДОИ ТОҶИКӢ. Чойхонаи «Душанбе» дар Боулдери Амрико ҳамчун иншооти таърихӣ эътироф шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои шаҳри Боулдер (иёлати Колорадо, ИМА) чойхонаи «Боулдер-Душанбе»-ро ҳамчун иншооти таърихӣ эътироф ва қарор кард, ки қисматҳои дохилӣ ва берунии онро зери ҳимоя бигирад, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни овоздиҳии онлайн ин қарорро тамоми аъзои шӯрои шаҳрӣ тасдиқ намуданд. Хабар дода шудааст, ки тасмими ниҳоӣ дар ин бора 3 декабр гирифта хоҳад шуд.
Шаҳрдор Сэм Уивер пас аз хатми овоздиҳии онлайн иброз дошт, ки чойхонаи тоҷикӣ «ганҷинаи Боулдер» аст. «Мо фахр мекунем, ки дар шаҳри мо чунин бинои зебо бо нақшу нигори шарқӣ воқеъ мебошад», — илова кард раиси шаҳр.
Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи якуми Шӯрои шаҳри Боулдер оид ба аввалин чойхонаи тоҷикӣ дар ИМА моҳи октябр бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятиии “Дӯстони чойхонаи «Боулдер-Душанбе» баргузор шуда буд». Дар ҳоле, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» мероси таърихӣ ва фарҳангии Исломро нобуд мекунад, мо бояд ин биноро ҳамчун иншооти фарҳанги исломӣ муҳофизат кунем», — иброз намуд яке аз аъзои созмон.
Дӯстони чойхонаи «Боулдер-Душанбе» аз мақомоти шаҳрдорӣ даъват намудаанд, ки барои бозсозии ин иншоот устоҳои тоҷикро даъват кунанд.
Тазаккур медиҳем, ки артесонадо (шифти болопӯши чӯбини кандакорӣ ва наққошишуда)-и чойхонаи тоҷикиро устоҳои тоҷик бо нақшҳои нафис кандакорӣ ва наққошӣ намудаанд.
***
Имсол ба кушодашавии машҳуртарин чойхонаи Иёлоти Муттаҳида 22 сол пур мешавад. Чойхонаи фавқулодаи «Душанбе» дар шаҳри Боулдери Амрико, иёлати Колорадо, дар кӯчаи 13 -ум ҷойгир аст ва натиҷаи муносиботи наздики шаҳрҳои Амрико ва Тоҷикистон мебошад. Дар воқеъ, яке аз калонтарин ҷамъияти тоҷикон дар ИМА маҳз дар иёлати Колорадо зиндагӣ мекунад.
Тибқи иттилои сайти расмии чойхона, тасмими бунёди он соли 1987, вақте Боулдер бародаршаҳри Душанбе шуд, гирифта шуда буд. Давоми се сол тақрибан 40 нафар ҳунармандон барои чойхонаи нав унсурҳои ороиширо ба тарзи кандакории ифоданоки чӯб ва нақшу нигорҳои рӯидеворӣ порча-порча таҳия ва бунёди чойхонаи навро гузоштанд. Муаллифи лоиҳа меъмор Ладо Шанидзе мебошад. 12 сутуни аз дарахти ҷалғӯза таҳия ва кандакоришудаи чойхона аз он ҷиҳат беназиранд, ки ҳангоми коркард ва ороиши онҳо асбоби барқӣ истифода нашудаанд, тамоми корҳо ҳамон тавре, ки чандин асрҳо пеш ин корҳо сурат мегирифтанд, дастӣ иҷро шудаанд. Рӯйпӯшҳои берунии чойхона аз сафолакҳои дастсози аз Тоҷикистон фиристодашуда сохта шудаанд. Дар сафолакҳои хотамкоришуда тасвирҳои Боғи Адан инъикос ёфтаанд, навишта шудааст дар сафҳаи чойхона дар Фейсбук.
Қисмҳои чойхона аз Душанбе ба бандари Ленинград, сипас тавассути киштӣ ба Орлеани Нав ва баъдан ба худи Боулдер интиқол дода шуданд.
Ҷой барои чойхона ва маблағ барои сохтани он танҳо пас аз ҳафт сол ёфт шуд. Сохтмони каҳвахона-чойхонаи шарқӣ соли 1998 ба итмом расидааст. Саҳми ду кандакор — чӯбтарош ба таври махсус зикр карда мешавад. Яке аз онҳо Мирпӯлод Мираҳматови тоҷик мебошад, ки номаш дар шифти иншоот ҳаккокӣ шудааст.
«Ман ҳис мекунам, ки чӣ тавр бобоям ва падарам дар ин ҷо кор мекарданд. Ин эҳсос ба ман илҳом мебахшад, ки кор идома хоҳад ёфт», — гуфт набераи усто ва наққош Маъруф Мираҳматов.
Дар чойхонаи «Боулдер — Душанбе», ки ба макони дӯстдоштаи сокинон табдил ёфтааст, ҳарсол Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
***
Инчунин бояд зикр кард, ки тирамоҳи соли 2018 дар Омах, калонтарин шаҳри Небраска низ чойхонаи тоҷикии «Chaikhana – Bar&Shishkabobs» ифтитоҳ шуда буд. Онро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон Равшан Султонов таъсис додааст.
Моҳи июн рӯзномаи The New Times дар бораи ифтитоҳи «Қаҳвахонаи Душанбе» дар маркази Ню-Йорк хабар дода буд. «Дар ин қаҳвахона бори нахуст ба меҳмонон қурутоб пешниҳод мекунанд, ки маззаи онро танҳо дар Тоҷикистон чашидан мумкин аст», — навишта буд он замон нашрияи амрикоӣ.
Зодаи Тоҷикистон, ошпази собиқи чойхонаи маъруфи «Роҳат» дар Душанбе Солиҷон Насимов ибтидои солҳои 2000 -ум дар шаҳри Роквилли Амрико тарабхонаи шахсии “Самовар” кушода буд, ки дар он хӯрокҳои мардумони Россия ва Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд. Соли 2016 яке аз нашрияҳои маъруфи амрикоӣ The Washington Post (WP) дар бораи ин тарабхона дар сомонаи худ ба таври муфассал ҳикоят карда буд.
Муассисаро Насимов дар Роквилл, иёлати Мэриленд, ки ба он ҷо бо оилааш соли 2005 кӯчида буд, ифтитоҳ намуда буд, то ба духтари хурдиаш ва шавҳараш дар кушодани як мағозаи молҳо аз Аврупои Шарқӣ ва Россия кумак кунад. Ҳамзамон бо таблиғи мағоза ширкати хӯроки умумии ресторатори тоҷик ба гузаронидани чорабиниҳои сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, инчунин намояндагиҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии кишварҳои собиқ ИҶШС шурӯъ кард.
Дар «Самовор» тушбераҳои машҳурро бо қаймоқ, ки дар таъомнома «Равиоли русӣ» номгузорӣ шудаанд, лағмони уйғурӣ, ки туппаи онро ҳар рӯз ошпаз шахсан тайёр мекунад ва албатта, палав ё лӯлакабоби тоҷикии бо зира, мурч ва ғайра омехташударо, ки аз Тоҷикистон оварда шудаанд, тановул кардан мумкин аст.













Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






