«КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон имрӯз дар Маҷлиси намояндагон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Конститутсия–бахтномаи миллат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов.
Зимни конференсия Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабули санади волои миллии худро амалӣ намуд.
«Тавассути ин дастоварди олӣ Тоҷикистон барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи мамлакат, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт ва ин санад дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд», — тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон.
Раиси палатаи поёнии Парлумон таъкид намуд, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо ибтикори Пешвои муаззами худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид.
Дар идома Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститусияи Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён мояи ифтихор ва муқаддас аст.
Ҳамчунин дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳия ва қабули он», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Конститутсия: масъалаҳои озодии шахсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ дар Тоҷикистон», раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзӯи «Конститутсия ва рушди гуманизм, таҳкими ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.
Ҳамзамон миёни иштирокчиён ва маърӯзагарон перомуни арзишҳои маънавию сиёсӣ ва бунёдии Конститутсия саволу ҷавоб доир гардид.








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






