Миёни хонандагони шаҳри Хоруғ озмуни «Китоби беҳтарини худсохт» доир шуд
ХОРУҒ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№9 ва 10-и шаҳри Хоруғ озмуни «Китоби беҳтарини худсохт» баргузор гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар доираи озмун хонандагон мазмуну моҳияти асарҳои бадеиро, ки давоми як моҳи охир мутолиа намудаанд, шаҳру тавзеҳ дода, ҳамчунин чанд намуна аз китобчаҳоеро, ки бо кумаки волидон таълифу таҳия карда буданд, ба ҳакамон пешниҳод карданд.
Як тан узви ҳакамон Малоҳат Гулмирзоева ба ташаббускорони лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» изҳори сипос намуда, баён дошт, ки “се сол боз ин лоиҳа дар муассисаҳои таълимии мамлакат роҳандозӣ гардида, натиҷаи хуб ҳам ба бор овардааст. Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани натиҷаи хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ташвиқи фарҳанги китобхонӣ ба онҳост. Технологияи муосири коммуникатсионӣ мавқеъ ва нуфузи китобро коста гардонд ва аз хурд то бузург бештари вақти худро бо телефонҳои ҳамроҳ сипарӣ мекунанд. Дар ҳоле ки манбаи дониш танҳо ва танҳо китоб аст ва моро зарур аст, ки аз сари нав одати китобхониро миёни кӯдакон барқарор намоем. Яке аз нависандагони рус гуфтааст, ки «сӯхтани китоб- ин ҷиноят аст, аммо нахондани китоб ҷинояти бузургтар».
Яке аз бартариҳои лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ин аст, ки дар амалӣ гардондани он дар баробари омӯзгорон, волидон низ масъулият бар дӯш доранд.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Абдураҳим Бобоев гуфт, ки “ин лоиҳа дар ҳифзу нигоҳдории китобҳои дарсию бадеӣ низ нақши муассир мегузорад. Хонандагон он китобчаҳоеро, ки бо дастони худ навишта, ороиш медиҳанд, ҳаматарафа ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд ва ҳамзамон минбаъд заҳмати муаллифони асарҳои дигарро низ қадр мекунанд. Аз овони хурдсолӣ ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ яке аз бартариҳои лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аст. Зеро кӯдаконе, ки аз хурдсолӣ ба китобхонӣ одат мекунанд, дигар зиндагии худро бе китоб тасаввур нахоҳанд кард”.
Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва китобҳои бадеии нависандагони ватанию хориҷӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз Раёсати маорифи ВМКБ хабар доданд, ки чунин озмунҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят баргузор мешаванд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






