Моҳи ноябр «Сомон Эйр» ба Минск ва Алмаато 6 парвози чартерӣ анҷом медиҳад

Ноябрь 7, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 07.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмаато-Душанбе 6 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қарори анҷом додани парвозҳои чартерии мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 қабул гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар ба Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон бояд мустақилона талаботи махсус, аз ҷумла дорои хусусияти санитарию эпидемиологиро, ки ҳангоми вуруд ба ин кишварҳо пешниҳод карда мешаванд, ба назар гиранд.

«Ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотномаи мавҷуд набудани сирояти коронавирус, ки тавассути санҷиш бо усули реаксияи занҷири полимеразӣ (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз омадан омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ ҶТ.

Бояд тазаккур дод, ки парвозҳои чартерии мазкур дар мувофиқа бо мақомоти Беларус ва Қазоқистон анҷом дода мешаванд.

Парвозҳои чартерии зерин дар моҳи ноябр ба нақша гирифта шудаанд:

— 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

— 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

— 16 ноябр, Душанбе-Алмаато-Душанбе;

— 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

— 28 ноябр, Душанбе-Алмаато-Душанбе;

— 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.

 

 

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 7, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд