МУБОРАК БОД! Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо барандаи медали биринҷӣ шуд

Ноябрь 7, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 07.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Варзиш ТВ».

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, яктои онро  бохт. Ӯ дар нахустин рақобаташ Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули «дард додани даст» шикаст дод, вале баъдан аз чемпиони чандкаратаи ҷаҳон Сергей Рябови рус бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Сипас, паҳлавони тоҷик барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон солҳои қаблӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст.

Ноябрь 7, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд