ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Ноябрь 13, 2020 08:08

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти минтақаҳои шимолу ғарбӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо борон (14 ноябр рӯзона бо гузариш ба барфи тар), дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон  ва барф  ба амал меояд. Дар баландкӯҳҳо барф борида, 13 ноябр бориши шиддатнок асосан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ дар назар дошта шудааст. Ҳангоми воридшавии анбӯҳи ҳавои сард пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгӯӣ мешавад. 13-14 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шабонарӯзи наздик бо сабаби ба амал омадани бориши шиддатнок дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтимоли ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 10+12 дараҷа  гарм мешавад.

Ноябрь 13, 2020 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд