ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Ноябрь 6, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 11+16° гарм, (дар ноҳияи Дарвоз то 19-21 гарм), дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 17+22° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 12+17° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 18+23° гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.

Ноябрь 6, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад