ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 11+16° гарм, (дар ноҳияи Дарвоз то 19-21 гарм), дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 17+22° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 12+17° гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 18+23° гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 14+19° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






