ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Ноябрь 7, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 07.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3°, рӯзона 11+16° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 22+27° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 15+20° гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.

Ноябрь 7, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд