ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

Ноябрь 14, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борон ва барфи тар меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ва дар баландкӯҳҳо барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо (бо истисно аз вилояти Суғд) боришот (борон, барф) бошиддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон пуршиддат ба амал меояд. Рӯзҳои 14-15 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шабонарӯзи наздик бо сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида боришот бошиддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа унук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда борон ва барф меборад. Дар водиҳо бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 14, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд