Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар реҷаи фосилавӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳоро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар ибтидо Датук Азҳар Азизан Ҳорунро ба муносибати интихоб шудан ба мақоми Раиси Девони Ракият (Парлумон) -и Малайзия табрик намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Малайзияро, ки дар рушди доимӣ қарор дорад ва давоми даҳсолаҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст, ба ҳайси нуқтаи марказӣ барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа интихоб кардааст.
Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии қисмати тоҷикистониро таъсис додааст ва умед аст бо таъсиси гурӯҳи дӯстии ҷониби малайзӣ аввалин машварати гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия дар наздиктарин фурсат баргузор гардад.
Ҳамчунин заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишварро якчанд созишномаву ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд, ки онҳо зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия имзо шудаанд. Дар ин радиф месазад таъкид сохт, ки татбиқи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкории ду давлатро боз ҳам тақвият хоҳад дод.
“Мо боварӣ дорем, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия барои рушд ва тавсеа майдони васеъ доранд ва ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илм, техника, фарҳанг ва сайёҳӣ манфиатдоранд”, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин таъкид намуд, ки “Малайзия имкони таъсиси як маркази логистикӣ-тиҷоратиро дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар минтақаи алоҳида барои содироти молҳояш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои коркарди пешакӣ ва воридоти маҳсулот аз он ҷо ба Малайзия метавонад баррасӣ кунад. Тоҷикистон метавонад нақши дарвозаи тиҷоратии Малайзия бо кишварҳои Осиёи Марказиро иҷро кунад. Ҳамзамон дар ин ҷода Малайзия метавонад пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои АСЕАН гардад. Ҳамзамон бино ба таҷрибаи фаровони Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ мо мехоҳем муносибатҳои худро дар ин самт бо имконоти омӯзиш тавассути давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати соҳаи сайёҳӣ барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ тақвият диҳем”.
Зимни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар ҳама сатҳҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Дар мулоқот Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ низ иштирок намуд.








Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд






