«САФАРИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ТАМОМИ МАҶМӮИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ТАКОНИ ТОЗА МЕБАХШАД». Чунин изҳор дошт Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко
ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 24 ноябр дар шаҳри Москва мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik».
Валентина Матвиенко аз сафари ҳайати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба он далел баҳои баланд дод, ки маҳз Россия аввалин кишварест, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари палатаи болоии парлумон ба он ташриф овардааст.
«Ман шодам, ки мо метавонем гуфтушунидҳоро дар сиғаи классикӣ гузаронем, зеро муоширати рӯ ба рӯро чизе иваз карда наметавонад»,- иброз доштааст Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсия зикр намуд, ки Россия ва Тоҷикистон шарикони ҳақиқии стратегӣ мебошанд ва муносибатҳои байни давлатҳо «дар ҳама самтҳо хеле пурмазмун» рушд мекунанд.
«Ҳамкории байнипарлумонӣ ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Дар ҷаҳони мураккаби зудтағйирёбанда нақши парламентҳо меафзояд ва аҳамияти махсус пайдо мекунад. Мо омодаем муносибатҳои зичтарро бо палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон рушд диҳем», — афзуд Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки Россия ва Тоҷикистонро на танҳо масъалаҳои иқтисодӣ, балки масоили башардӯстона, ҳарбӣ-техникӣ ва инчунин амнияти минтақавӣ ба ҳам мепайванданд.
Матвиенко афзуд, ки сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия такони нав хоҳад бахшид ва изҳори умедворӣ кард, ки зимни сафари навбатӣ раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон метавонад аз тамоми минтақаҳои Россия дидан кунад.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Россия аҳамияти калон медиҳад.
«Мояи хушнудист, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия имрӯз дар ҳамаи ҷанбаҳо босуръат рушд карда истодаанд»,-гуфтанд Рустами Эмомалӣ ва афзуданд, ки робитаҳои байнипарлумонии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада истодаанд.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон изҳор доштанд, ки муносибати дӯстона ва ҳамкорӣ бо Россия самти хоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
«Россия дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсафро устуворона ишғол мекунад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ду давлат дар 9 моҳи соли 2020 беш аз 720 миллион долларро ташкил дод»,-илова намуданд роҳбари палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ зикр карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия на танҳо дар сиғаи дуҷониба, балки дар сиғаи байналмилалӣ низ рушд мекунанд.
«Мехоҳам ба ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия таваҷҷуҳи хос зоҳир намоям. Имрӯзҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ тамоюли мусбат ба назар мерасад»,-изҳор доштанд Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ инчунин ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва имконияти сармоягузории Россия ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки зарфияти ҳамкории иқтисодии байни давлатҳо пурра истифода нашудаанд ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ метавонанд ба ин мақсад мусоидат намоянд.
АКСҲО аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ









Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






