Саршумори чорвои калон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то 1 октябри соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2368,5 ҳазор сарро ташкил додааст. Саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4 ҳазор сар ё 0,9 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5854,3 ҳазор сарро ташкил дода, 89,1 ҳазор сар ё 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз саршумори умумӣ 92,9 фоизи чорвои калони шохдор ва 81,0 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ 1,5 фоиз, вилояти Суғду Хатлон 0,9 фоизӣ ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 0,7 фоиз зиёд гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки аз моҳи январ то сентябри соли равон истеҳсоли гӯшти гов нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 фоиз афзудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 27 ноябр дар мамлакат Фестивал – намоиши чорвои зотӣ ҷараён дорад, ки он се рӯз идома меёбад. Ҳадафи чорабинӣ хушзоткунии чорвои калону майда, зиёд намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар ҷумҳурӣ, меъёрҳои ғизодиҳии чорво ва ҳифзи чорвои маҳаллӣ мебошад.
Дар Фестивал-намоиши мазкур аз тарафи хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳида 320 сар чорвои калон, 1060 сар чорвои майда, 50 сар асп, аз қабили чорвои калони зотҳои сиёҳало, шветсузебумонанд, сименталӣ, сарсафед, моли майдаи зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ маҳинпашм ва бузи тоҷикии серпашм ба намоиш гузошта мешаванд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






