Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд

Октябрь 26, 2026 16:45

 ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид. Дар кори форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Ҳадафи форум фароҳам овардани шароити мусоид барои муколамаи созанда байни намояндагони давлатҳо, сармоягузорон, соҳибкорон ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба сиёсати сармоягузорӣ, рушди устувор, молияи байналмилалӣ, энергетика, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон  ба имкониятҳои густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Инчунин дар доираи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Мақомоти танзими фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Сауд Муҳаммад Ал-Атба вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона ва густариши ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд