ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, шанбе, 319-умин рӯзи соли 2020
14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
***
Ду сол пеш, 14 ноябри соли 2018 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати «Alcatel» ифтитоҳ гардид.
14 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.
***
Дар Россия – Рӯзи ҷомеашиносон.
***
Дар Беларус – Рӯзи оҳангарон.
РӮЙДОДҲО:
14 ноябри соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳанги Тоҷикистону Россия муҳокима шуданд.
***
14 ноябри соли 2015 миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
14 ноябри соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» фестивали кинои Корея-2017 доир гашт.
***
14 ноябри соли 2018 дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.
***
120 сол муқаддам, 14 ноябри соли 1900 Сенати Франсия ба занон иҷозати дар адвокатура кор кардан дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1947 Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи зери назорати Комиссияи муваққатии СММ оид ба Корея баргузор намудани интихоботи умумӣ дар саросари ин кишвар қарор қабул намуд.
***
14 ноябри соли 1990 Полша ва Германия дар бораи эътироф намудани сарҳади давлатӣ созишнома ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2001 аввалин маротиба яке аз бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари америкоӣ сармояи Ташкилоти молиявии байналхалқиро ба даст овард.
***
Соли 2000-ум бунёдгузори ширкати «Microsoft» Билл Гейтс барои мубориза бо ВНМО (СПИД) ба Нигерия 25 миллион доллар ҷудо намуд.