Вакили парлумон Зуфар Исмоилзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид

Ноябрь 14, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 14.11.2020/АМИТ «Ховар»/.  Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакил ва раиси Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид.   

Ҷаласа дар Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дирӯз баргузор ва дар ҷараёни он ба таври овоздиҳӣ раиси нави кумитаи иҷроияи ҳизб интихоб ва муаррифӣ гардид, омадааст дар хабар.

Амонзода Матлуба Сатториён, ки аз декабри соли 2018 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуда буд, рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири ҶТ  таъйин гардид.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон  1 январи соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Бар асоси ҳолнома, Исмоилзода донандаи забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ буда, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба ҳайси инструктор оғоз кардааст.

Сипас дар  вазифаҳои мудири шуъбаҳои кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ фаъолият доштааст.

Баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла мудири бахш,  сардори Идораи кор бо ҷавонон, роҳбари Маркази аналитикӣ, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд кор кардааст. Исмоизода солҳои 2007-2011 Раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) ва солҳои 2011-2015 Раиси ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) буд.

Дар гузашта узви Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) буд. Солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум. Аз 1 марти соли 2020 Зуфар Исмоилзода  раиси Комиссияи экологии порлумони кишвар интихоб шудааст.

Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба устоди варзиши ИҶШС, дорандаи  мукофотҳои соҳавӣ ва медалҳои ҷашнӣ   мебошад.

Ноябрь 14, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад