Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот С.Муҳриддин таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






