Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Академияи миллии дипломатии Корея мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли Академияи миллии дипломатии Корея Ким Ҷун Ҳёнг мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории муштаракро дар самти омода намудани дипломатҳои касбӣ, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди дипломатҳои ҷавони тоҷик барои иштирок дар давраҳои бозомӯзии Академияи дипломатии Корея изҳор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии дипломатии Кореяро ба имзо расониданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






