Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, 28 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, 29 ноябр дар шаҳри Ваҳдат «Фестивал – намоиши чорвои зотӣ» баргузор мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишҳои чорвои зотӣ аз тарафи хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳида 320 сар чорвои калон, 1060 сар чорвои майда, 50 сар асп, аз қабили чорвои калони зотҳои сиёҳало, шветсузебумонанд, сименталӣ, сарсафед, моли майдаи зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ маҳинпашм ва бузи тоҷикии серпашм ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳамчунин дар ин намоишҳо гӯшти моҳӣ ва паранда ба фурӯш бароварда мешавад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишҳои мазкур ва шинос шудан бо шароити кормандони ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзӣ 25 ноябр аз Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дидан намуд.
Зимни боздид Вазири кишоварзӣ оид ба хушзоткунии чорвои калону майда, зиёд намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар ҷумҳурӣ, меъёрҳои ғизодиҳии чорво ва ҳифзи чорвои маҳаллӣ маслиҳатҳои муфид дод. Мавсуф гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи кишоварзӣ аз он иборат аст, ки саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузошта, аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин намоянд.








Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд






