Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор менамояд

Ноябрь 26, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, 28 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, 29 ноябр дар шаҳри Ваҳдат «Фестивал – намоиши чорвои зотӣ» баргузор мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар намоишҳои чорвои зотӣ аз тарафи хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳида 320 сар чорвои калон, 1060 сар чорвои майда, 50 сар асп, аз қабили чорвои калони зотҳои сиёҳало, шветсузебумонанд, сименталӣ, сарсафед, моли майдаи зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ маҳинпашм ва бузи тоҷикии серпашм ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар ин намоишҳо гӯшти моҳӣ ва паранда ба фурӯш бароварда мешавад.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишҳои мазкур ва шинос шудан бо шароити кормандони ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзӣ 25 ноябр аз Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дидан намуд.

Зимни боздид Вазири кишоварзӣ оид ба хушзоткунии чорвои калону майда, зиёд намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар ҷумҳурӣ, меъёрҳои ғизодиҳии чорво ва ҳифзи чорвои маҳаллӣ маслиҳатҳои муфид дод. Мавсуф гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи кишоварзӣ аз он иборат аст, ки саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузошта, аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин намоянд.

Ноябрь 26, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид