10 РОҲИ МОШИНГАРДИ ЗЕБОТАРИНИ ҶАҲОН. Шоҳроҳи Помири Тоҷикистон дар ин даҳгона, пас аз дараи Вердони Франсия дар ҷои дуюм қарор дорад

Декабрь 29, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон ба даҳгонаи роҳҳои зебои ҷаҳон шомил шудааст.  Рейтинг дар автопортали car.ru. интишор ёфтааст.

«Бештари ронандагон дар давраи рухсатии худ  тавассути автомобил ба ҷойҳои зебоманзари сайёраамон сафар намуданро афзал медонанд. Якчанд роҳҳои тамошобоб ва фаромӯшношуданӣ мавҷуданд, ки пас аз рафтан аз онҳо боз мехоҳед ба он ҷо баргардед», — зикр  мекунанд муаллифони рейтинг. 

«Ин ҷо, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр, калонтарин кӯли кишвар Қарокӯл (Тоҷикистон — эзоҳи  АМИТ «Ховар») воқеъ аст, ки ягона истгоҳ дар масири ин роҳи дароз аст. Барои аз он гузаштан, тамоми рӯз ҳаракат намудан лозим меояд ва аз манзараҳои табиии ин ҷо  чашм кандан ғайри имкон аст», — таъкид шудааст дар рейтинг роҷеъ ба шоҳроҳи Помир.

АМИТ “Ховар” бо истинод ба National Geographic Россия ба шумо даҳ роҳи ҷолибро дар чор қитъа пешниҳод мекунад, ки манзараҳои онҳо басе  ҷаззоб мебошанд.

  1. Лаб-лаби ҷари бетаг. Фаронса: Дараи Вердон

Дараи калони обхӯрда, аммо на дар ИМА? Дараи харсангдор, аммо на дар биёбон? Дараи Вердонро чӣ тавре, ки ном нагузоранд,  воқеият воқеият аст — имрӯз он дараи бузургтарин дар тамоми Аврупо аст: дарозии он 25 километрро ташкил медиҳад ва умқаш ба 700 метр мерасад! Гарчанде, ки миқёсан дараи Вердон аз дараҳои Аризона хурдтар бошад ҳам, вале бидуни шубҳа аз ҷиҳати зебоӣ аз онҳо беҳтар аст: дар фасли баҳор ва тобистон дарахтон ва буттаҳо нишебиҳои онро бо қабати ғафс мепӯшонанд ва танҳо дар назди кӯҳҳои сар ба осмон кашида қатъ мешаванд. Барои гирди дараро давр задан тамоми рӯз ҳаракат бояд кард, ҳол он ки масофаи он ҳамагӣ сад километр аст. Аммо ин роҳ саропо аз хамгаштҳо, нишебиҳо ва кӯталҳо, нақбҳо ва гузаргоҳҳо аз зери шӯхҳои аз боло овезон, ки осмонро пинҳон мекунанд, иборат аст.

Манзараҳои зеботарини дара аз тарафи роҳи кӯҳнаи Крит ё ҳалқаи Крит (Route des Cretes, D23) кушода мешаванд, ки ҳанӯз дар замонҳои антиқа сохта шудааст ва аз канораи шимолии дарра убур мекунад. Ин роҳи танги пурхаму печ дар баъзе ҷойҳо ба лаби ҷарӣ мерасад. Қад-қади канори он майдончаҳои тамошо мавҷуданд, ки аз ҳар яке аз онҳо манзараҳои аҷиби Вердонро дидан мумкин аст. Ҳалқаи Крит яктарафа ҳисобида мешавад: лозим меояд, ки аз тариқи ин роҳи автомобилгард бо самти соат, аз шаҳраки Кастеллан ба сӯи кӯли сунъии Санте-Круа, ки пас аз сохта шудани сарбанд дар соли 1975 ба вуҷуд омадааст, ҳаракат кунед. 100 км дуртар аз боғи Вердон мамнӯъгоҳи Люберон ҷойгир аст, ки арзиши диданро дорад, то ин ки  зиндагии ороми  деҳотро бо шавқ тамошо намоӣ.

  1. Дар авҷи кӯҳҳо. Тоҷикистон: шоҳроҳи Помир

Сайёҳонро ҳамеша ҷойҳои дорои навиштаи «аз ҳама — аз ҳама» ба худ ҷалб мекунанд. Роҳи автомобилгарди Помир — яке аз чунин ҷойҳост. Ба ҳар ҳол, ин баландтарин роҳи кӯҳӣ дар қаламрави собиқ ИҶШС мебошад. Ин роҳи мошингарди қариб пурра хокӣ ба баландиҳои кӯҳҳои Помир хазида баромада, аз тариқи се ағбаи кӯҳии Помир: Талдиқ (3615 м), Қизил-Арт (4280 м) ва нуқтаи аз ҳама ба «Боми Ҷаҳон» наздик — ағбаи Оқбайтал (4655 м) мегузарад. Қисми шарқии роҳ — аз шаҳри Ӯши Қирғизистон то шаҳри Хоруғи Тоҷикистон — солҳои 1931-1934, вақте ки ИҶШС қаламрави кӯҳистони Помирро фаъолона азхуд мекард, сохта шудааст. Он аз доманакӯҳҳои сабз, ки дар онҳо аспҳо мечаранд, юртҳо ва кулбаҳои алоҳида, козаҳои бо пору молида шуда, инчунин аз назди Боғи миллии Помир, ки қуллаи Ленин (7134 м) дар болои он сар афрохтааст,  мегузарад.

Роҳи  мошингарди Помир барои омаду рафт танҳо дар вақти гармо боз аст — дар зимистон хавфи зиёди тармафароӣ вуҷуд дорад. Яке аз истгоҳҳои ҷолибтарин дар ин роҳ — бузургтарин кӯли Тоҷикистон, Қарокӯл мебошад, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз ин ҷо кӯтали тунд ба сӯи шохаи кӯҳҳои Помири бузург оғоз меёбад. Шӯхҳо, дарраҳо, нақбҳо, роҳи хокӣ, чангу ғубор, набудани наботот, авулҳои алоҳида ва рамаҳои гӯсфандон — чунин манзараҳои қариб мушобеҳи миррих то фуруд омадан ба водӣ дар тарафи Тоҷикистон тӯл мекашанд.

Ҳама вақт мошинҳои боркаш, харҳо ва ҷипҳои аз даруну берун пурбор ҳамсафарони шумо хоҳанд буд. Агар аз роҳ берун шавӣ, якчанд ҷойҳои ҷолиби дигарро тамошо кардан мумкин аст: деҳаҳои сокинони маҳаллӣ, ағбаи “Видоъ ҷавонӣ”, чашмаҳои гарми “Биби-Фотима” ва бисёр чизҳои дигарро.

  1. Аз шимол ба ҷануб. ИМА: Далтон-Хайвей

Роҳи  мошингарди Далтон — 666 километр роҳи хокӣ аст, ки Аляскаро тақрибан аз шимол ба ҷануби он миёнбур мекунад. Ин роҳ соли 1974 барои интиқол борҳо ба конҳои нафти халиҷи Прадхо ва хидматрасонии лулаи нафти Транс-Аляска сохта шудааст. Роҳ бо номи муҳандис Ҷеймс Далтон, мутахассиси сохтмони Арктика гузошта шудааст. Дар масири роҳи мошингард байни Фербенкс, ки дар 100 километрии он оғоз меёбад ва Дедхорс, ки дар он ҷо ба поён мерасад, танҳо ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд аст, бинобар ин миқдории зарурии бензин, инчунин чархҳо, асбобҳо, хӯрокворӣ ва дигар чизҳои заруриро беҳтар аст бо худ бигирӣ. Кумаки тиббӣ танҳо дар Колдфут ё Дедхорс дастрас аст. Ин Аляска аст, ҷанобон! Сарзамини хунукиҳои қаҳратун ва дар назари аввал номусоид, ки танҳо ба сайёҳи омодашуда ва масъул таассуроти фаромӯшнашаванда мебахшад ва ганҷинаи сарватҳои худро боз мекунад.

Аляска воқеан барои мубодила чизе дорад: калонтарин иёлати ИМА -ро то ҳол тамаддун тақрибан вайрон накардааст. Дар ҳудуди он 23 боғ ва мамнӯъгоҳҳои миллӣ мавҷуданд. Шоҳроҳи Далтон аз тариқи баъзеи онҳо мегузарад, гоҳ дар ҳамвориҳои барфпӯш ё алафпӯш гум мешавад, гоҳ аз байни ҷангалкӯҳҳо, ки аз ҳар тараф онро иҳота кардаанд, мегузарад.

  1. Руминия: шоҳроҳи Трансфэгэраш

 Президенти Руминия Николае Чаушеску сохтмони шоҳроҳи баландкӯҳро аз тариқи минтақаи қӯҳии Фэгэраш соли 1970 ба нақша гирифта, ҳадди аққал дар бораи ташкили як роҳи ҷаззоби саёҳи андеша мекард. Вай аз ҳодисаҳои Чехословакия хавотир ва аз ҳамлаи низомӣ ба кишвараш дар ҳарос буд ва аз ин рӯ тасмим гирифт, ки вилоятҳои Валахия ва Трансилванияро бо роҳи душворгузари кӯҳӣ барои интиқоли ҳарчи зудтари техникаи ҳарбӣ пайваст кунад.

Ҳоло Трансфэгэраш — яке аз мисолҳои нодирест, ки чӣ гуна иншооти бо мақсади ҳарбӣ сохташуда дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст ва сайёҳони зиёдеро ба кишвар ҷалб мекунад. Шоҳроҳи мошингарди 261-километра аз байни водиҳои зебоманзар ва гандумзорҳо, ки руминҳо баъзан онро то ҳол дастӣ кишт мекунанд, аз назди кӯлҳо ва обанборҳо, деҳаҳои зебоманзари Руминия ва хоначаҳои сангини ҳамсони сиёҳтоби он мегузарад. Дар наздикии оғози шоҳроҳ, шаҳраки зебои Сибиу бо меъмории классикии Руминия ҷойгир аст, ки дар он, ба монанди забони руминӣ, мероси лотинӣ, романескӣ ва славянӣ ба ҳам омехта шудааст. Қариб дар ҳар як деҳаи сари роҳ калисоҳои православӣ, калисоҳои католикӣ ва масҷидҳо мавҷуданд.

Яке аз ҷойҳои диданибоб — кӯшки Поенари мебошад, ки дар болои дараи дарёи Арджеш қомат афрохтааст ва дар асри XV ба шоҳзода Влад II Тепес, ки прототипи Дракула гардид, тааллуқ доштааст.

  1. Паҳнои Олтой. Россия: Шоҳроҳи Чуй

Ин роҳи қадимӣ — аввалин риштаест, ки чандин аср пеш Россия ва Чинро ба ҳам пайваста буд. Убур намудан аз роҳи Чуй — мисли он аст, ки аз тариқи тамоми Россия гузашта бошӣ. Роҳ аз Бийск, аз чакалакзорҳои дарахтони тӯс ва деҳот оғоз меёбад. Ва пас аз сад километр, вақте аз Горно-Алтайск мегузарӣ, ба назар чунин менамояд, ки гӯё худро дар замони азхудкунии  Сибир мебинӣ: обҳои пуртуғёни Катуни, дараҳои санглох ва водиҳои сабз. Тайгаи кӯҳӣ оғоз меёбанд. Агар ба тарафи чап баргардӣ — ба кӯли Телецкое мерасӣ, ба тарафи рост равӣ — ба доманаи Белуха мерасӣ. Ва агар ҳама вақт рост биравӣ — дашти Курайск дар доманаи теғаи Чуйи Шимолӣ ба назар намоён мешавад. Агар хоҳиш бошад, якчанд километрро тай карда, пиёда ба сӯи барфҳои абадӣ рафтан мумкин аст. Дар дашти Курай ҷазираҳои охирини тайгаро дидан мумкин аст ва аз пушти ағба дашти бекарон оғоз мешавад, ки дар он ҷо юртҳои кӯчманчиён гузошта шудаанд ва корвонҳои шутурон сайр мекунанд.

Бо ишораҳоро дар бораи роҳи кунунии Чуй, ки қаблан Мунгалский номида мешуд, дар маъхазҳои хитоӣ, ки таърихи ҳазорсола доранд, дучор омадан мумкин аст. Аз он замон то ибтидои асри 20, ин танҳо як пайроҳаи кӯҳӣ буд, ки тоҷирон онро истифода мекарданд. Роҳи аробагузар аз Онгудай то Кош-Агач (255 км) танҳо соли 1903 сохта шудааст. Имрӯзҳо шоҳроҳи Чуй — яке аз нодиртарин роҳҳои ҷаҳон аст, ки сазовори осорхонаи худ шудааст. Он дар бинои Осорхонаи кишваршиносии Бийск ҷойгир аст — дар он ҷо ҳуҷҷатҳо ва аксҳои бойгонӣ, модели ҳаҷмии роҳ, диорамаҳоро дидан мумкин аст.

  1. Норвегия: Роҳи Атлантик

Роҳи Атлантик (No 64) қариб аз соҳили  уқёнус убур мекунад, аз як ҷазира ба ҷазираи дигар бо истифода аз пулҳо ва нақбҳо мегузарад. Ин иншооти беназири технологӣ аст: дар роҳе, ки  дарозии он ҳамагӣ 8,5 км аст — шаш пул мавҷуд аст! Умдатарини онҳо пули Storseisundet аст. Агар ба он аз материк наздик шавӣ, ба назар чунин мерасад, ки гӯё тасмаи роҳ дар нуқтаи баландтарини он канда мешавад. Агар дар фасли тирамоҳ, дар масими  тӯфонҳо, бо роҳи Атлантик ҳаракат намоӣ, таассурот бештар мешавад: мавҷҳои азим ҷазираҳои хурдро фаро мегиранд, гулдурросзанон ба  сутунҳои пулҳо бармехӯранд ва баъзан тамоми роҳро мепӯшонанд, кӯшиш мекунанд мошинҳои дар он ҷо бударо лесида бо худ баранд.

Бо вуҷуди ин, роҳи Атлантик танҳо як қисми масир аз тариқи халиҷ аст. Аз тариқи он ба сӯи Осло ҳаракат карда, ба яке аз роҳҳои морпечи машҳури Аврупо — баромада ба нишебии кӯҳи «Troll Ladder» (Trollstigen) омадан мумкин аст. Дар ин ҷо сангҳои хокистарранг бо шаклҳои аҷиб, ки бо алафҳои сабз ва ушна пӯшонида шудаанд, аз байни меғи «шир» пайдо мешаванд. Дар қуллаи кӯҳ биниш баъзан то 3-5 метр паст мешавад: дидани гӯсфандоне, ки аз паси меғ ва кӯлҳои сиёҳ ногаҳон пайдо мешаванд, бисёр аҷиб аст. Агар бо роҳи 63 боз ҳам пештар биравӣ (ва қариб ҳеҷ ҷое барои хориҷ шудан аз он вуҷуд надорад), ба яке аз зеботарин халиҷҳои Норвегия — Ҷейрангер хоҳед омад. Дар ин ҷо метавон шаршараҳои сершуморро тамошо кунед, ба сайди моҳӣ машғул шавед ва ё дар атрофи он сайр кунед.

  1. Дар болои абрҳо истодан. Чин: Роҳи дарвозаҳои бузург

Чинҳо бо меҳнатдӯстӣ ва матонати худ шӯҳрат доранд (танҳо Девори Бузурги Чин далели басанда  аст!). “Роҳи дарвозаҳои бузург”, роҳи морпечтарин дар ҷаҳон аст. Вай ба кӯҳи Тянмен, ки дар 8 километрии шаҳри Чжанцзяцзе дар ҷанубу шарқи Чин воқеъ аст, мебарояд. Ин тасмаи асфалтпӯш, ки ҳамагӣ 11 километр дарозӣ дорад, то нуқтаи 1300 метр мебарояд ва дар масири худ 99 хамгашт дорад!

Ҷои асосии дидании ин масир — ғори «Дарвоза» мебошад. Он дар асри III, вақте ки кӯҳпораи азим аз кӯҳ канда шуд, ба вуҷуд омадааст. «Дарвоза», ки баландии он 131,5 метр аст аксар вақт бо меғ пӯшида мешавад. Агар хоҳед, ки воқеан таассуроти мафтункунанда дошта бошед, бояд ба роҳи танобии дарозтарин дар ҷаҳон (7455 метр!) боло бароед — аз тирезаҳои он манзараҳои тамоми хаму печи роҳро дидан мумкин аст.

  1. Аз тариқи чӯл. Аргентина: Роҳи 40

Роҳи 40 (Рута 40) тақрибан тамоми Аргентина аз шимол ба ҷануби он  убур ва аз қаторкӯҳҳои баланди Анд мегузарад. Ин яке аз дарозтарин роҳҳои ҷаҳон аст: 5000 км — ин шӯхӣ нест! Хусусан, агар он аз якчанд минтақаи иқлимӣ гузарад.

Манзараи атроф доимо тағир меёбад: ҷангалзорҳо, шӯхҳо, кӯлҳо, саҳроҳо, марғзорҳо, биёбонҳо, саҳроҳои тақрибан беодам, асфалт ва шағал, чанг ва реги сурх, офтоб ва шамолҳои аз пой афтонанда, 27 ағбаи кӯҳӣ, 18 дарёи калон, ва ниҳоят, 20 боғи миллӣ, ​​ки дар ҳар яки онҳо чандин рӯз истироҳат намудан мумкин аст. Масалан, дар боғи Лос-Гласярес, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии табиии ЮНЕСКО дохил карда шудааст, тамошои пиряхи Перито имкон дорад, ки аз ҷиҳати захираи оби нӯшокӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад. Масоҳати он бо тамоми масоҳати Буэнос-Айрес қобили муқоиса аст, дар айни ҳол пирях дар ҳаракат аст ва ҳар рӯз макони худро ба ҳисоби миёна 2 метр иваз мекунад. Онро ҳам аз майдончаҳои мушоҳида ва ҳам бо роҳи сайругашт аз болои резҳои ях бо ҳамроҳии кӯҳнавард тамошо ва лаззат бурдан имкон дорад. Инчунин ин роҳ ба сӯи «Ғори дастҳо» -и машҳур мебарад, ки дар тамоми деворҳои он осори дастҳои инсон ва тасвирҳои манзараҳои шикор тасвир шудаанд, ки қадимтарини онҳо ба ҳазораи нӯҳи пеш аз милод рост меоянд.

Боғи дуввуми калонтарини Аргентина — “Водии Калчаки”, ки дар он ҷо дар як рӯз аз биёбонҳои кӯҳӣ ба ҷангали субтропикӣ расидан мумкин аст, сазовори таваҷҷуҳи хос аст — иқлим дар як қитъаи нисбатан хурди замин ба таври ҳайратовар тағйир меёбад. Ва, албатта, меарзад, ки бо роҳи Рута 40 ҳаракат кард ва аз манзараҳои «мирихӣ» -и биёбонҳо мутаассир шуд, бутиморҳоро (фламингоҳоро), ки дар кӯлҳои Патагония зиндагӣ мекунанд, тамошо намуд.

  1. Пуштаи кӯҳи Колорадо. ИМА: Доираи бузург

Ғарби Ваҳшии Амрико — ин митақаест воқеъ дар ғарби «Кӯҳҳои сахрадор». Вақте ки сокинони аввалин ба азхудкунии қаламрави ҳиндуёни маҳаллӣ шурӯъ карданд, онҳо ба ҷойҳои беназир ва тамошобоби табиӣ дучор шуданд, вале натавонистанд ба қадри онҳо бирасанд. Имрӯз ин мавзеъро «Доираи бузург» (Circle Grand) меноманд. Ин ном аз автобуси саёҳатӣ, ки Grand Circle Tour ном доштааст, пайдо шудааст. Роҳи аз ҳама қуллай оғози ҳаракат аз Денвер аст — аввал ба боғи миллии «Кӯҳҳои сахрадор» баромадан, ки дарёи Колорадо аз он ҷо оғоз мешавад ва минбаъд аз тариқи Аспен ба ҳамвории Колорадо рафтан аст.

Дар масири роҳ боғи Арок ва Водии ёдгориҳои маъруф дар қаламрави қабилаи ҳиндуёни маҳаллӣ Навахо тамошобоб мебошанд. Дар наздикии шаҳраки Пейҷ дараи обхӯрдаи Антилопаро аз назар канор гузоштан нашояд — дар канори роҳ тахтаи оддии чӯбин бо навиштаҷоти дахлдор гузошта шудааст. Дар ин ҷо бо заврақ ба тамошои кӯли Пауэлл рафтан меарзад, имкони кироя гирифтани  заврақ мавҷуд аст. Обхӯрдаи (Канони) машҳури ҷануби Пейҷ оғоз меёбад. Каме ҷанубтар обхӯрдаи машҳури «Гранд-Канон» шурӯъ мешавад. Агар қад-қади қисми ҷанубии он ҳаракат намоӣ, пас ба ғайр аз худи обхӯрда, инчунин қисматҳои якумин роҳи трансамерикоии Route 66 -ро аз Чикаго ба Лос-Анҷелес дидан мумкин аст. Умуман, пуштаи кӯҳи Колорадо бо таҷаммуи бузургтарин боғҳои ИМА маъруф аст.

  1. Дар канораи қитъа. Австралия: Роҳи бузурги уқёнусӣ

Роҳи бузурги уқёнуси 243 километр тӯл дорад ва аз соҳили Уқёнуси Ороми Австралия мегузарад. Роҳ аҳамияти амалӣ надорад — онро сарбозони аз Ҷанги якуми ҷаҳон баргашта ба хотираи қурбониёни муҳорибаҳо  сохтаанд. Пас аз ифтитоҳ, дар соли 1932, ин роҳ бузургтарин ёдгории ҷанг дар ҷаҳон шуд ва сӣ сол баъд онро яке аз хушманзартарин роҳҳои сайёра эътироф намуданд. Ин беҳуда набуд: роҳ қариб аз канори соҳил мегузарад, ки аз он ҷо паҳнои беканори об ва кӯлҳои ороми аз баҳр ҷудошударо дидан мумкин аст. Дар байни ҷизҳои асосии тамошобоб, ки дар роҳ дучор меоянд «Соҳили киштии ғарқшуда» -и мармуз воқеъ аст, ки дар он ҷо 638 киштӣ ғарқ шудааст. Ва «Дувоздаҳ ҳавворӣ» — гурӯҳи кӯҳпораҳои алоҳидаи оҳаксанг дар уқёнус, ки то 45 метр баландӣ доранд. Дар асл, дар ин ҷо танҳо ҳашт кӯҳпора мавҷуд аст ва то ҳамин қарибиҳо онҳоро ба ҷузъ аз «Хук ва хукбачаҳо» чизе дигаре наменомиданд.

Номи шоиронаи «Дувоздаҳ ҳавворӣ» бошад танҳо барои ҷалби сайёҳон пайдо шудааст. Таърихи кӯҳпораи дигар, ки тақрибан 20 миллион сол дорад — «Арки Лондон» мушобеҳи ҳамин аст. Муддати дароз он баро шабоҳати ҳайратангезаш бо пули “Тауэр” —  «Пули Лондон» ном дошт ва соли 1990, вақте ки ҳиссаи наздиктарини он ба қитъа дар зери фишори мавҷҳои уқёнус фурӯ рехт, ба «равоқ» табдил ёфт. Дар Варрнамбула, инчунин муҳоҷирати наҳангҳо ҷанубиро тамошо курдан мумкин аст ва дар Парваришгоҳи “Tower Hill Game Reserve” ҳамроҳи кенгуруҳо ва эмҳо сайр намудан ва коалаҳо ва паррандаҳои баҳриро дидан имкон дорад.

                                                                АКСҲО аз car.ru

Декабрь 29, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тоҷикистон ва Куба ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск самтҳои асосии сайёҳиро муайян намуданд