20 кишвар бо сабаби коронавируси нав барои парвозҳо маҳдудият ҷорӣ карданд

Декабрь 21, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба сабаби тавсеаи коронавируси нав 20 кишвар тасмим гирифтанд, ки иртиботи ҳавоии  худро маҳдуд кунанд. Аксари онҳо парвозҳоро аз Британияи Кабир қатъ кардаанд. Арабистони Саудӣ марзҳои худро бастааст, хабар медиҳад рӯзномаи «Коммерсант».

 Ҳукуматдорони Россия авзоъро назорат мекунанд. “Аэрофлот”- ягона ширкати ҳавопаймоӣ мебошад, ки барои парвозҳои мунтазам ба Шоҳигарии Муттаҳида иҷозатнома дорад, аммо айни ҳол барои боздошти парвозҳо дастур нагирифтааст.

Кишварҳо бо сабаби коронавируси нав кадом қарорҳоро қабул мекунанд:

  • Қабули парвозҳо аз Британияи Кабир ба Австрия, Германия, Исроил, Ирландия, Италия, Кувайт, Шветсия, Литва, Туркия, Чехия, Хорватия мавқуф гузошта шудааст.
  • Булғористон, Латвия, Эстония, Швейтсария, Марокаш, Финляндия иртиботи ҳавоиро бо Британияи Кабир боздоштаанд.
  • Арабистони Саудӣ сарҳадҳои хушкигард ва бандарҳояшро баст ва иртиботи ҳавоиро бо ҳама кишварҳо комилан қатъ кард.
  • Иртиботи ҳавоӣ бо Британия ва дигар кишварҳо дар Исроил (Дания ва Африқои Ҷанубӣ), Туркия (Дания, Нидерланд, Африқои Ҷанубӣ), Швейтсария (Африқои Ҷанубӣ) боздошта шудааст.
  • Салвадор вуруди касонеро, ки аз тариқи Британия ё Африқои Ҷанубӣ парвоз кардаанд ва ё дар 30 рӯзи охир дар яке аз ин ду кишвар будаанд, манъ кард.

Баъзе кишварҳо ҳанӯз дар бораи бастани иртиботи ҳавоӣ бо Британия тасмим нагирифтаанд, аммо чораҳои зиддиэпидемиявиро сахттар кардаанд. Аз ҷумла, Юнон барои ҳама касоне, ки аз Британияи Кабир меоянд, карантини ҳафтрӯза ҷорӣ кардааст. Ҳукумати Испания назорати мавҷудияти санҷишҳои тестии ПТР -ро барои шахсоне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, пурзӯр мекунад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ваъда медиҳад, ки баробари дар бораи намуди нави коронавирус маълумоти бештар пайдо намудан ҷомеаро дар ин хусус огоҳ хоҳад кард. Созмон бо ҳукумати Британия дар тамос аст.

                                                                              АКС: AP 2020

Декабрь 21, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон