21 декабри соли равон пайвастшавии сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал ба амал меояд

Декабрь 20, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 20.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр ду сайёраи бузург — Зуҳал ва Муштарӣ ба якдигар наздик мешаванд. Чунон наздик мешаванд, ки онҳоро танҳо бо телескопи хурд дидан мумкин аст. Ин ду сайёра аллакай ба ҳам наздиканд, ки онҳоро бо чашми одӣ фарқ кардан душвор аст. Дар тӯли чанд рӯзи оянда, онҳо пеш аз ҷудо шудан ба як объект муттаҳид мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

Бино ба гуфтаи олими тоҷик, ду сайёраи азими бузург аз газ иборатаанд, ки дар Системаи Офтобӣ Муштарӣ ва Зуҳайл дар вақти ғуруби 21 декабр ҷуфт мешаванд. Дар Тоҷикистон пайвастшавии наздиктарини онҳоро дар қисми ҷанубу ғарбии осмон наздик ба уфук баъди ғуруби Офтоб мушоҳида кардан мумкин аст. Аз сабаби он, ки масофаи зоҳирии байни Муштарӣ ва Зуҳайл камтар аз 1 дараҷа мешавад, бо чашми одӣ фарқ кардани онҳо мушкил мегардад. Сабаби дигар – ин равшании Муштарӣ аз дурахшонии Зуҳал зиёдтар аст ва барои дар ҷудоӣ мушоҳида кардан асбобҳои махсус ба монанди дурбин зарур аст.

Ба гуфти директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон  Гулчеҳра Қоҳирова ин ҳодисаи нодириест, ки олимон ва дӯстдорони илми астрономия онро солҳоиз иёд интизор буданд.

Ин ҳодисаи астрономиро гурӯҳи астрономҳои ҷаҳон кушиш доранд, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ YouTube-зинда пахш намуда аз ҷараёни он астрономҳо аз тамоми ҷаҳон назари худро иброз намоянд.

«Агар  осмони Тоҷикистон соф шавад, тамошои ин падидаи ҷолиби астрономӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ ба хоҳишмандон бо ёрии телескоп ташкил карда мешавад» изҳор дошт номбурда.

Декабрь 20, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид