ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд сохтмони тарабхонаи «Форел» бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тарабхонаи «Форел» бунёд гардида, дар атрофи он ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони тарабхонаи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва бо мақсади ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел», ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардидааст, шинос шуд.
Тавре мушоҳида гардид, алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи якум ва дуюми иншоот бомаром идома дошта, 20 нафар коргарон ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати тарабхона, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст, 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосири брендӣ то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супориш дод.
ДАР АКС: лоиҳаи тарабхонаи «Форел».








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






