ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Тоҷикобод бунёди 77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст

Декабрь 9, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30 — солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод  бунёди  77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки  алҳол зиёда аз  30 адади  он мавриди истифода қарор гирифтаанд.  Аз ҷумла, чанде пеш дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи муосири  маркази саломатӣ барои кормандони муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бунёди бинои нави Маркази саломатӣ мушкилии норасоии  утоқҳои муоинавӣ ва муолиҷавиро бартараф намуд. Дар дохили бино  дастгоҳҳои замонавии ташхису муоинавии пуриқтидор насб карда шуда, дар ду палата катҳои дорои имконияти электронии муоинавӣ мавҷуд мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ  дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳарҷи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда,  маблағи таҷҳизоти  муосири ҷиҳозондашудаи он  2 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи бино намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод, ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», намояндаҳои муассисаи  Муҳаммад бин Рашид оли Мактум дар шаҳри Дубай иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  ду сол қабл аз тарафи шарикони рушд дар деҳаи Капалии ноҳия бинои хуштарҳи бунгоҳи тиббӣ сохта шуда буд, ки айни замон мавриди истифодаи сокинони деҳот қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ  бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  Қасри фарҳанг ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ,   чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 8 миллион сомонӣ, инчунин  боғи фарҳангӣ  ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  ва ҷалби соҳибкорон идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 — 2020 амалисозии 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалишавии Барномаи  мазкур   ба рушди соҳаи саноат, ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои бекорхобида, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёнаи ноҳия  мусоидат менамояд.  Дар ноҳия  бунёди се коргоҳ ва корхонаҳои хурди саноатӣ дар назар аст. Айни замон корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла  корхонаҳои “Бонувони Тоҷикобод”, “Дастони моҳир” ва ҶДММ “Достон”  ба дӯхтани либоси ягона барои мактаббачагон  нигаронида шудаанд.

Декабрь 9, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд