Ҳабибулло Воҳидзода: Дар Тоҷикистон сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ ба мушоҳида расида, шумораи нашъамандҳо аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5130 нафар ба ҳолати 1 октябри соли 2020 расидааст, ки ба 40,7 фоиз баробар буда, дар муқоиса ба соли 2019 245 нафар ё 4,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он дар натиҷаи ҳамкории судманд баргузор намудани чорабиниҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.
Ин нуктаро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баён намуд.
Номбурда афзуд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти назорати муомилоти маводи нашъадор дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар пешгирии нашъамандӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо мақсади такмили заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотиропӣ ва прекурсҳои онҳо дар таҳлили нав таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 тасдиқ гардидааст. Рӯихати мазкур аз 134 воситаи нашъадор, 359 моддаҳои психотропӣ ва 27 прекурсор иборат мебошад.
Мавсуф зикр кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се Конвенсисияи СММ: Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор (соли 1961), Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ (1971), Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (соли 1988) ҳамроҳ гардида, бо 17 давлати ҷаҳон созишномаҳои дуҷонибаро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, аз ҷумла 24 созишнома бо протоколҳои байниидоравиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба имзо расонид. Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар баробари мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентӣ дар соҳаи коҳиш ёфтани талабот ба маводи мухаддир маҳсуб мегардад.
Дар 11 моҳи соли равон бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва суиистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расонида шуд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ 128 вохӯрӣ, 60 семинари омӯзишӣ, 20 ҳамоиш ва 57 чорабиниҳои оммавӣ ва варзишии зидди нашъамандӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.
Бо ташаббуси Агентӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои долилии ҷумҳурӣ моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар 14 шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва осебпазири ҷумҳурӣ таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” бо шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем” ҳамоиш баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 8000 нафар сокинони мамлакат иштирок намуданд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳамкории судмандро бо мақомоти дахлдор боз ҳам густариш дода, дар самти пешгирии нашъамандӣ ва коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир муборизаи оштинопазир мебарад. Татбиқи ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат ва амалишавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба он мусоидат намуд, ки дар самти мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва пешгирии афзоиши он ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати муваффақ муаррифӣ намояд. Аз ҷумла, бори аввал дар 15-20 соли охир ҳолати назорати маводи нашъадор дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар ҳисоботи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Кумитаи байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар соли 2020 мусбат арзёбӣ гардида, зикр карда мешавад, ки бо роҳи қочоқ интиқол ёфтани маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон тариқи масири Шимол ба таври ҷиддӣ кам шудааст. Хусусан соли 2018 аз ҳаҷми умумии мусодираи героин дар Федератсияи Россия ба Аврупо ҳамагӣ як фоиз ва аз ҳаҷми умумии мусодираи маводи афюнӣ дар ин минтақаҳо ҳамагӣ 9 фоиз тариқи масири Шимол интиқол ёфтааст. Ҳол он ки 10 сол пеш аз ҳаҷми умумии мусодираи героин дар Россия ва Аврупо 10 фоиз тариқи масири Шимол интиқол меёфт, яъне ин нишондод 10 маротиба кам шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат дар ин самт дар ҷумҳурӣ ва умуман дар масири шимол ба маротиб пурзӯр карда шудааст.
Аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд. Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ як тоннаю 637 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз онҳо 781 кг ё ин ки 48 фоиз дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардиданд.
“Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштем”-афзуд Ҳ. Воҳидзода .
Ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи муходдир ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. Солҳои 2008 -2014 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 3 то 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда мешуд. Солҳои минбаъда дар натиҷаҳои ҳамкории судманд байни мақомоти ваколатдор мусодираи маводи мухаддир дар соли 2018 ба 3 тоннаю 696 кг, соли 2019 ба 1 тоннаю 637 кг ва дар 11 моҳи соли равон ба 2 тоннаю 236 кг расидааст. Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад.
Давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар ин давра ягон ҳолати ошкори қочоқи прекурсорҳо тариқи сарҳади Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст. Фаъолияти муназзами Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки дар Тоҷикистон ба кишт ва маводи нашъаовар роҳ дода нашавад.
Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода пешниҳод намуд, ки муҳлати амалишавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба охир мерасад ва зарурати таҳияи нави ҳуҷҷати заминасози ҳуқуқӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва назорати он ба миён омадаро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бояд баррасӣ намуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»