ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 октябр дар мамлакат Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муқаррар гардидааст. Ин сана баёнгари ҷойгоҳ ва нақши муҳими мақомоти судӣ дар низоми давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Бахшида ба ин рӯз дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти судӣ, судяҳо ва коршиносони соҳа ҷамъ омада, масъалаҳои марбут ба фаъолияти низоми судӣ, таҳкими мустақилияти судяҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулияти касбӣ ва такмили фаъолияти мақомоти судиро баррасӣ намуданд.
Дар доираи конфронс масъалаҳои вобаста ба интихоби аъзои нави Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо овоздиҳии иштирокдорон ҳайати нави коллегия интихоб гардид. Интихоби аъзои коллегия дар самти такмили низоми интихоби номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ, таъмини шаффофияти расмиёти тахассусӣ ва таҳкими кафолатҳои мустақилияти судяҳо аҳамияти муҳим дорад. Коллегияи тахассусӣ дар доираи ваколатҳои худ ба арзёбии сифатҳои касбӣ ва омодагии номзадҳо мусоидат намуда, дар ташаккули ҳайати касбии мақомоти судӣ нақш мегузорад.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода иброз намуд, ки ҳокимияти судӣ дар заминаи сиёсати давлат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди низоми ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои муҳими рушдро тай кардааст. Дар ин давра барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти судҳо, такмили сохтори мақомоти судӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иҷрои вазифаҳои конститутсионии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми идоракунии давлат ва ҷомеа мавқеи хос дорад. Фаъолияти он, пеш аз ҳама ба баррасии одилонаи парвандаҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ равона шудааст. Маҳз тавассути фаъолияти судҳо баҳсҳои ҳуқуқӣ дар асоси меъёрҳои қонун баррасӣ гардида, барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва пешгирии вайронкунии қонун замина фароҳам оварда мешавад.
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд мустақилияти ҳокимияти судӣ яке аз шартҳои асосии таъмини адолат ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад. Судя бояд ҳангоми баррасии ҳар як парванда ҳолатҳои воқеӣ, далелҳои пешниҳодшуда ва талаботи қонунгузориро ба инобат гирифта, қарорҳои худро мустақилона ва бе таъсири омилҳои беруна қабул намояд. Риояи ин принсип барои таъмини беғаразии мурофиаи судӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии тарафҳо ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба фаъолияти судҳо аҳаммияти калон дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судиро муайян намуда, кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар кардааст. Дар он омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Ҳамзамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муҳими ҳуқуқӣ эътироф намуда, нақши онҳоро дар муайян кардани мазмун ва татбиқи қонунҳо, инчунин фаъолияти мақомоти давлатӣ таъкид менамояд. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, ҳадаф ва мазмуни қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди низоми судӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ислоҳоти судӣ, ки аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида буд, ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти судҳо, демократикунонии мурофиаи судӣ ва баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо равона гардид.
Дар раванди ислоҳоти судӣ масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии судяҳо, беҳтар намудани тартиби баррасии парвандаҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ аҳаммияти махсус доранд. Зеро самаранокии фаъолияти судҳо на танҳо аз заминаи ҳуқуқӣ, балки аз сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва муносибати судяҳо ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ низ вобаста мебошад.
Дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандон бояд имконият дошта бошанд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳимоя кунанд. Баррасии саривақтӣ ва беғаразонаи парвандаҳо, риояи ҳуқуқи тарафҳо, шарҳу тавзеҳи дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ ва иҷрои санадҳои судӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими эътимоди мардум ба низоми адлия мусоидат мекунанд.
Яке аз масъалаҳои калидии фаъолияти мақомоти судӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо, эҳтиром ба қонун ва истифодаи дурусти механизмҳои ҳуқуқии ҳимоя ба пешгирии баҳсҳо, ҳалли қонунии ихтилофот ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, фаъолияти судҳо аҳаммияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки иҷтимоӣ низ дошта, ба ташаккули фарҳанги эҳтиром ба қонун дар ҷомеа таъсир мерасонад.
Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҳамчунин фурсати муносибест барои баррасии дастовардҳо, муайян намудани вазифаҳои минбаъда. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва баррасии одилонаи парвандаҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме мебошанд, ки иҷрои онҳо масъулияти баланд ва садоқат ба касбро тақозо мекунад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






