Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид

Декабрь 17, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси Шӯро-директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, аъзои Шӯро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, ки дар кори   ҷаласа якчанд масъалаҳо мавриди баррасӣ   қарор дода шуданд. Аз ҷумла, оид ба ҳамкории вазорату идораҳо дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор  ва назорати муомилоти қонунии онҳо; оид ба масъалаҳои мусоидат ба дастрасии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои корҳои тиббӣ ва илмӣ, ки таҳти назорати байналмилалӣ қарор доранд, инчунин пешгирии ҳодисаҳои аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ гузаштани онҳо; вобаста ба мушкилоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди муайян намудани миқдори дорувори сахттаъсир ва заҳролуд ва маълумот оид ба иҷрои   қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шӯро аз 12 феврали соли 2019, 15 августи соли 2019 ва оид ба натиҷаи иҷрои нақшаи фаъолият дар соли 2019, инчунин фаъолияти нуҳ моҳи соли 2020

Оид ба масъалаи якум Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси  Шӯро Ҳабибулло Воҳидзода,  доир ба масъалаи дуюм муовини  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа  узви Шӯро, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода сухан гуфтанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо доир ба масъалаҳои болозикр мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мақсади баргузории  ҷаласаи Шӯро  ба ҳам овардани шахсони масъул дар соҳаи наркологӣ ва пешгирии нашъамандӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар пешгирии нашъамандӣ, пешниҳод намудани маълумоти дақиқ оид ба шумораи шахсони нашъманд, пайдо кардани маълумот оид ба иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор мебошад.

Фаъолияти минбаъдаи нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2021 тасдиқ гардида, доир ба дигар масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Декабрь 17, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд