Ҷанни Инфантино ба Рустами Эмомалӣ барои саҳмашон дар рушди футбол ташаккур мегӯяд

Декабрь 18, 2020 15:08

 ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино Рустами Эмомалиро ба муносибати бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданашон табрик гуфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Президенти муҳтарам, лутфан саломи гарму ҷӯшон ва табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба симмати Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 16 декабр баргузор шуд, қабул кунед. Боварӣ дорам, ки шумо табрикоти маро ба муовинони президент ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Шумо аз нав интихоб шудаанд, мерасонед.

Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шумо барои тамоми кӯшишҳову заҳматҳо ва саҳми муҳиматон дар рушди варзиши мо ва таблиғи арзишҳои он дар кишвар ва минтақаи Шумо ташаккур мегӯям. Ман муваффақияти беназирро дар корҳои ояндаи Шумо ва дастаи Шумо таманно дорам. Умедворам, ки минбаъд низ бо Шумо, Президенти муҳтарам барои рушду нумуи футболи Тоҷикистон дар солҳои оянда ҳамкорӣ хоҳам кард», — гуфтааст президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар номаи расмӣ ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

АКСҲО аз ФФТ

Декабрь 18, 2020 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад