ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО… Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5000 ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд

Декабрь 29, 2020 12:32

ДУШАНБЕ, 29.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 5000 (панҷ ҳазор) нафар ятимони куллу маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд  туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. 

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳакимзода ба АМИТ «Ховар» иброз  дошт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну  идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус  ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.

«Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо  дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд. Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд»,-афзуд манбаъ.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешаванд.

Декабрь 29, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд