Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Эмомалӣ Мирзозода дар шаҳраки 61 беш аз 70 адад ниҳоли арча шинонида шуд

Декабрь 21, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми вакили Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, аз ҳавзаи интихоботии №64  Эмомалӣ Мирзозода дар назди биноҳои истиқоматии  шаҳраки 61-и пойтахт беш аз 70 адад ниҳоли арча шинонида шуд. Иқдоми мазкур дар доираи даъвати  Раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт  дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе сурат гирифт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, даъвати муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз сокинони пойтахт “ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд» на танҳо дар Душанбе, балки дар саросари ҷумҳурӣ  ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо карда, ба ташаббуси умумимиллӣ табдил гардидааст.

«Натиҷа ин аст, ки  ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, бошад, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда шуда, парвариш меёбанд»,-афзуд манбаъ.

Рӯзе қабл  ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори он бо роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат, дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур 1000 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд.

Вазири нақлиёт ҳамчунин ба ҳамаи корхонаҳои маҷмааи нақлиёту роҳ дастур дод, ки дар амалӣ намудани иқдоми Пешвои миллат барои ободониву хуррамгардонии мамлакат дар иртибот ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва ободониро аз коргоҳу муассисаҳои хеш оғоз намоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҳайати кормандони  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди  Душанбе – Чанок, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 270 бех ниҳоли  сояафкану ороишӣ шинониданд.

Ин пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе роҳбарон ва кормандони «Амонатбонк» ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар назди биноҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Амонатбонк»   дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, инчунин дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида истодаанд.

16 декабри соли равон  дар кӯчаи Соҳилии пойтахт дар заминҳои шафати роҳи мошингард ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 2000 бех дарахтони гуногуни ҳамешасабз  шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли равон  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахт шинонида, масъулинро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт ҳидоят карданд.

Дарахтони шинонидашуда  аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам менамояд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар ҳудуди Боғи Ҷавонон ниҳоли дарахтони ликвидамбар, ки аз навъҳои нодир ва ба иқлими маҳал тобовар мебошад, шинонида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ интихоби навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими пойтахт тобовар ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникро дар раванди ниҳолшинонӣ аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон арзёбӣ карда, махсусан таъкид намуданд, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад.

Декабрь 21, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид