Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо фиристод
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 100 адад дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо (ҲСШ)-и истеҳсоли қазоқӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ирсол шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 24 декабр хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ додааст.
Дар хабар омадааст, ки 22 декабр Қазоқистон 100 адад дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо — «Кокчетав-4П» -ро тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон ирсол намуд.
Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дастгоҳҳоро дар доираи иҷрои фармони Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз 10 декабри соли 2020 «Дар бораи расонидани кумаки башардӯстонаи расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» фиристод.
Ёдовар мешавем, ки дастгоҳҳои “Кокчетав-4П” дар корхонаи Тинис дар Кокшетау васл карда мешаванд. Корхона дар як моҳ тақрибан 500 адад чунин дастгоҳ истеҳсол мекунад ва нархи як дастгоҳ 750 ҳазор тенге мебошад (мутобиқи қурби асъор то 25 декабр тақрибан 1783,26 доллар — шарҳи АМИТ «Ховар»).
Дастгоҳҳои мазкур сайёр мебошанд, яъне онҳоро, масалан, дар мошини ёрии таъҷилӣ насб кардан ва ё ҳатто дар хона истифода бурдан мумкин аст.
АКСИ: Express-k.kz








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






