БО АҲЛИ ХОНАДОН. Дар Ӯзбекистон ҷамъомадҳои дастаҷамъонаи солинавӣ манъ карда шуданд

Декабрь 14, 2020 11:36

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон гузаронидани чорабиниҳои гуногуни дастаҷамъонаи солинавӣ барои вазорату идораҳо, корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилот манъ карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад, қарори дахлдорро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 қабул кардааст.

Тибқи қарор тавсия дода мешавад, ки маблағҳои аз ҳисоби барномаҳои дастаҷамъона сарфашуда ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шаванд.

Зикр карда мешавад, ки ин маҳдудият ба баргузории ҷамъомадҳои идона дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯроки умумӣ бо шумораи на бештар аз 30 нафар, бо риояи қатъии талаботи санитарию гигиенӣ ва карантин дахл надорад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки Соли нави 2021-ро дар хона таҷлил намоянд.

Бо дарназардошти тавсияҳои СУТ ва таҷрибаи мусбати кишварҳои хориҷӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус тақвият бахшидан ба истифодаи оммавии ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар мактабҳои миёнаи Ӯзбекистон барномаҳои солинавӣ бо иштироки хонандагон баргузор нахоҳанд шуд.

Дар Ӯзбекистон имрӯз шумораи умумии сироятёфтагон аз коронавирус 74 ҳазору 956 нафарро ташкил медиҳад. То имрӯз 72 ҳазору 243 бемор (97%) аз коронавирус шифо ёфтаанд, 612 нафар фавтида, 2 ҳазору 101 нафар табобат гирифта истодаанд.

                                                            АКС аз бойгонӣ

Декабрь 14, 2020 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт