Дар ҷаҳон зиёда аз 577 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар як рӯз сабт шудааст

Декабрь 2, 2020 12:32

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон аз 64,19 миллион нафар гузашта, дар тӯли 24 соат беш аз 577 ҳазор афзоиш ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  омори 2 декабр интишордодаи СУТ.

То соати 10:00 (ба вақти Душанбе — шарҳи АМИТ «Ховар») 2 декабр ба СУТ дар бораи 64 195 738 рӯйдоди сироятёбӣ ва 1 486 844 ҳолати фавти одамон маълумот ворид шудааст. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 577 269 нафар ва фавтидагон – 11 894 нафар зиёд шуд.

Бештари рӯйдодҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 14 108 606. Баъд аз он Ҳиндустон (9 499 710), Бразилия (6 388 526), ​​Россия (2 322 056), Франсия (2230 571), Испания (1673 202), Британияи Кабир (1 643 086), Италия (1 620 901), Аргентина (1 432 570), Колумбия (1 324 792), Мексика (1 122 362) ва Германия (1 085 661) ҷойгиранд.

                                                                                     АКС аз бойгонӣ

Декабрь 2, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон