Дар Қандаҳор як халабони неруҳои ҳавоии артиш кушта шуд

Декабрь 31, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки халабон аз сӯи афроди мусаллаҳи номаълум дар маҳаллаи 14-уми Қандаҳор кушта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Масъулони корпуси 205-уми артиши Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки Масъуд Атал, халабони неруҳои ҳавоии кишвар, баъд аз зӯҳри имрӯз (чоршанбеи 30 декабр) дар вилояти Қандаҳор кушта шудааст.

Онҳо ҷузъиёти бештари ҳодисаро шарҳ надоданд ва илова карданд, ки тафтишот идома дорад.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (дар Тоҷикистон мамнуъ), масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Вазири корҳои дохилии Афғонистон Масъуд Андарабӣ «Толибон» -ро масъули минагузориҳо ва кушторҳои ҳадафнок донистааст.

Дирӯз Масъуд Андарабӣ зимни шарҳи вазъи амниятӣ дар Сенат изҳор дошт, ки пас аз тавофуқи Амрико ва «Толибон» дар Доҳа, ин гурӯҳ ҳамлаҳои террористӣ ва тахрибиашро афзоиш додааст.

Оқои Андарабӣ афзуд, ки «Толибон» дар ҳамлаҳои густурдаашон барои забти ҳудудҳои бештар ноком шуданд ва ҷангҷӯёни худро барои анҷоми таркишҳо ва куштори  ҳадафноки одамон сафарбар карданд.

Ба гуфтаи ӯ, иқрори як қатор маҳбусон нишон медиҳад, ки пас аз тавофуқи Доҳа гурӯҳи «Толибон» дар вилояти Лӯгар бо мақсади куштори кормандони давлатӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҷоди шӯру ғавғо ва бесуботӣ гурӯҳи махсусе бо номи «Убайда» таъсис додааст.

Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси амнияти миллӣ дар суҳбат бо аъзои Сенат зикр  намуд, ки дар як соли охир ифротгароён дар саросари кишвар аз ҳамлаҳои густурда то тарконидани минаҳои магнитӣ беш аз 18 200 амалиёти террористӣ ва тахрибӣ гузаронидаанд.

Вай таъкид кард, ки 99% ин  ҳамлаҳоро «Толибон» ва 1% онҳоро «ДИИШ» тарҳрезӣ  намудаанд.

Аҳмад Зиё Сироҷ афзуд, ки дар як соли охир 6100 нафар, аз ҷумла 3600 нафар бо гуноҳи даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва тахрибӣ боздошт шудаанд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 31, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд