Дар Душанбе барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи хурди футбол оғоз гардид

Декабрь 11, 2020 13:48

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр  дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар он  кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ,  сохторҳои он дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни ҳам сабқат мекунанд.

Дар мусобиқаи мазкур барои  дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» 10 даста аз ҳисоби кормандони масъули сохторҳои ҲХДТ байни худ рақобат хоҳанд кард.  Ба ғолибон ҷом, медал, сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукот супорида мешаванд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии мусобиқаи футболи хурд муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода ва  намояндагони дигар сохторҳои марбута иштирок  намуданд.                                                                             

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифии  миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири  тарбия ва муаррифии  шоистаи Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармоияи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Ин нукта дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб низ баръало инъикос ёфтааст.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати  аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин ҷост, ки  тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи  ҳаёти солимро  васеъ ба роҳ мемонад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Бояд гуфт, ки тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад. Фаҳмиш ва дарки пурраи мафҳуми тарзи ҳаёти солим, дар амал дуруст ҷорӣ намудани он – ин маънии солиму бардам будани миллат, хонаводаҳо, насли имрӯзу оянадаро дорад. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад.

Солимии миллат бошад, ин аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст.

Декабрь 11, 2020 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад