Дар Душанбе хатсайри троллейбуси №11 ба фаъолият шурӯъ менамояд

Декабрь 11, 2020 17:03

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 14 декабри соли равон дар пойтахт хатсайри троллейбуси №11, ки маҳаллаи 82 – Боғи С.Айниро дар бар мегирад, ба фаъолият оғоз менамояд. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.

Ҳамчунин троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст.

Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи AKIA ULTRA LE8 омодаи кор мегардад.

Декабрь 11, 2020 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад