Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 8 декабри соли равон Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2021 тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тибқи қарори мазкур Раиси шаҳр масъулин, аз ҷумла муовини соҳавӣ Умед Гуреззода, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд»,-афзуд манбаъ.
Инчунин масъулин супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то 10 марти соли 2021 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин баҳри солимгардонии даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Масъулини соҳа ҳамчунин уҳдадор шудаанд, ки тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон маблағҳои зарурӣ барои харидорӣ намудани маводи зарурӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд. Ба Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намояд.
“Бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда шаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ, рӯйхати аниқи ҷавонони синни даъватиро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синни даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”,-чунин омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.
Акс аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






