Дар Хоруғ ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — Шарифамоҳ Одинамаҳмадоваро самимона истиқбол гирифтанд

Декабрь 26, 2020 09:19

ХОРУҒ, 26.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Хонандаи Литсеи Оғохони шаҳри  Хоруғ  Шарифамоҳ Одинамаҳмадова дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи осори адибони ҷаҳон ғолиби  ҷои сеюм ва соҳиби диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ  гардид. Хонандагону омӯзгорони литсей  Шарифамоҳро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Директори литсей Давлатназар Худоназаров зимни табрики шогирдон изҳор дошт, ки «ин озмун бо иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханшинос ва суханпарвар мебошад. Пирӯзии Шарифамоҳ-  ин ифтихори кулли  омӯзгорону хонандагони Литсеи мо ва албатта,  волидонашон аст. Ман умедворам, ки пас аз ин сафи дӯстдорони китоб, илму фарҳанг дар муассисаи мо бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт».

Мулоқоти Шарифамоҳ бо ҳамсабақонаш  дар китобхонаи ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки он дар байни муассисаҳои талимии мамлакат яке аз китобхонаҳои калонтарин ба шумор рафта, дар махзани дониш қариб 50 ҳазор  китобҳои дарсӣ, илмию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ ва фаронсавию арабӣ  гирдоварӣ шудаанд. Шарифамоҳ вақти бештари худро дар ҳамин китобхона мегузаронад. Мавсуф дар суҳбат бо ҳамсинфонаш гуфт, ки  “агар ҳар яки шумо вақти холии худро дар ҳамин китобхона сипарӣ кунед, на танҳо дар озмун, балки дар шоҳроҳи ҳаёт низ ба пирӯзӣ ноил мешавед”.

Хонандаи ҳамин муассисаи таълимӣ Муқаддаси Мухтор гуфт, ки “11 сол  бо Шарифамоҳ дар як синф таҳсил мекунад ва ӯ дар баробари ҳамсинфи хуб будан ҳамчунин дугонаи содиқу вафодор низ аст. Дар ғаму шодии ҳамсинфонаш мудом шарик аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ бароямон  кумак мерасонаду ҳам дилбардорӣ мекунад. Ҳарчанде ки дар гурӯҳи англисӣ таҳсил мекунад, аммо бо забони тоҷикӣ хеле равону озод суҳбат мекунад ва аз осори шоирону нависандагони классикию муосири тоҷик садҳо асар мутолиа кардаву соатҳо метавонад дар бораашон қисса кунад”.

Шарифамоҳ Одинамамадова гуфт, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тасмим гирифтааст, ки таҳсили худро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико идома диҳад.

Ёдовар мешавем, ки 5 феврали соли равон  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин озмун аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз якуним миллион сомонӣ ҷудо шуд. Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 26, 2020 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад