Дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳои пешгирикунанда аз сӯхтор гузаронида шуданд

Декабрь 15, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо  фаро расидани фасли зимистон дар ҷумҳурӣ хавфи  ба вуҷуд омадани сӯхтор зиёд мегардад. Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва дер каршуда, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 2-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбарону масъулини муассиса тадбирҳои пешгирикунанда гузарониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар  муассисаи мазкур 224 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 180 нафари онҳо дар хобгоҳ истиқомат менамоянд.

Зимни санҷиш мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ баробари дидани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ, манбаъҳои об, воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ, системаи аз сӯхтор воқифкунанда, истифодаи асбобу таҷҳизоти барқӣ, инчунин ба риояи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар синфхонаҳову биноҳои таълимӣ, хобгоҳу ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон диққати асосӣ дода, ба масъулин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тавсияҳои зарурӣ доданд.

Бо роҳбарону ҳайати омӯзгорон вобаста ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбат ва бо кормандону хонандагони муассиса оид ба тартиби истифодаи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ва чӣ гуна амал намудан дар вақти сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулода машғулияти амалӣ гузаронида шуд.

Декабрь 15, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад