Дар Турсунзода барои занҳои довар машварати омӯзишӣ баргузор гардид

Декабрь 10, 2020 08:29

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода машварати методии серӯза барои занҳои довар, ки онро Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда буд, ба анҷом расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, 22 нафар духтарон дар машғулияти  доварон ширкат варзиданд. Онҳо дар мавсими оянда бозиҳоро таҳти сарпарастии Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон доварӣ хоҳанд кард.

Дастурдиҳандаи машварат сардори шуъбаи доварони ФФТ Абдураҳим Бобоев, ёварони ӯ ҳакамони амалкунанда — довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ва ёвари довари ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) буданд.

Машғулият барои занони  довари Тоҷикистон аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Дар машғулияти сипаришудаи доварон ба тағйироти дар қоидаҳои бозии футбол воридшуда ва шарҳу тафсири муттасили онҳо низ дахл карда шуд.

АКС аз ФФТ

Декабрь 10, 2020 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид