Дар Украина аз оғози пандемия беш аз 1 млн нафар сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тайи шабонарӯзи охир дар Украина 11 490 рӯйдоди сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ шуд. Аз оғози пандемия беш аз як миллион нафар сироят ёфтаанд. Дар ин хусус 24 декабр «РБК-Украина» хабар додааст.
Ба ҷумлаи одамоне, ки давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID-19 сироят ёфтаанд, 488 нафар кӯдак ва 445 нафар корманди соҳаи тандурустӣ шомил мебошанд. Инчунин 2721 бемор дар шифохонаҳо бистарӣ шуда, 223 нафар ҷон бохтаанд ва 15 775 нафар шифо ёфтаанд.
Аз оғози пандемия дар Украина 1 001 132 нафар сироят ёфта, 17.395 нафар фавтиданд ва 631.435 шифо ёфтаанд. 369.697 нафар бемор зери табобати фаъол қарор доранд.
Қаблан Вазорати тандурустии Украина эълом дошт, ки эмгузаронии 23 миллион сокини кишвар зидди коронавирус ба нақша гирифта шудааст ва барои ин 40 миллион вояи ваксина лозим аст. 22 декабр нақшаи миллии эмгузаронии украинҳо бар зидди коронавирус тасдиқ шуд.
АКСИ «РБК-Украина»








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






