Дастаи ҷавонони «Локомотив-Помир» бо медалҳои тилло қадрдонӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии «Истиқлол»-и пойтахт маросими расмии супурдани медалҳои хурди тилло ба ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе барои ғалаба дар мусобиқаи имсола байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мавсими сипаришуда захиравиёни дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 18 бозӣ гузаронида, дар 15 бозӣ ғалаба ба даст оварданд. Онҳо ду бозиро мусовӣ анҷом дода, ҳамагӣ дар як вохӯрӣ мағлуб шуданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳо Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳайати ҷавонони дастаи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанберо барои ба даст овардани медалҳои тилло табрик гуфта, ба бачаҳо дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати наврасони Осиё дар Баҳрайн, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, барору муваффақият орзу намуд.
Директори клуби «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев бозингарони дастаро ба ин муваффақият табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни даста медалҳои тилло ва Ҷоми пирӯзӣ дар мусобиқаи имсоларо тақдим карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






